Агентии содироти
назди хукумати чумхурии точикистон

Registered Exporter system


Хизматрасониҳо
Хизматрасонии иттилоотӣ ва машваратӣ

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низомнома, бо мақсади мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар, мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, ки шароити рақобатпазириро барои молу хизматрасониҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ таъмин менамояд ва мусоидат ҷиҳати ҷалби харидорони мустақим, миёнравони боэътимод, шабакаҳои фурўши молҳои яклухт ва дигар шарикони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ барои фурўш ва содироти молу хизматрасониҳои истеҳсоли корхонаву ширкатњои ватанӣ, хизматрасониҳои зеринро амалӣ менамояд:

 

Хизматрасонии иттилоотиву машваратӣ:

- барои харидорони мустақим, миёнаравҳо, шабакаҳои тақсимоти яклухт ва дигар шарикони савдо дар кишварҳои хориҷӣ; 

- дастгирии иттилоотӣ, машваратӣ ва маркетингӣ-таҳлилии рушди содироти мол ва маҳсулоти аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор истеҳсолшаванда; 

- мусоидат ва иштирок дар гузаронидани тадқиқоти бозорӣ барои содироти молу хизматрасониҳои субъектҳои хоҷагидории ватанӣ ба бозорҳои кишварҳои хориҷӣ; 

- мусоидат дар гузаронидани тадқиқоти маркетингии маҳсулоти нав ва ҷустуҷӯи бозорҳои нави содироти мол; 

- пешниҳоди маълумот дар бораи намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ; чустучу ва ёрй дар баркарор намудани муносибатхои тичоратй бо шарикони хоричй;

- тартиб додани феҳристи субъектҳои хидматрасонии содиротӣ барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандагон; - тартиб додани феҳристи маҳсулоти содиротӣ ва реестри субъектҳои хоҷагидор, ки содироти молу хизматрасониҳои ватаниро анҷом медиҳанд ва ғайра

 

 

Пешбурди кори Низоми REХ (Registered Exporter System) - низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо.

Агентӣ дар доираи Низоми мазкур масъалањои ба даст овардани вазъи содироткунанда, бақайдгирӣ, таѓйирдињї, бекор намудан ва бозхонди баќайдгирии содироткунанда, ариза оид ба тавлиди мол ва коркарди маълумотҳои содироткунандагони ватаниро дар махзани содироткунандагони бақайдгирифташуда ба танзим медарорад.

 

 

“Тоҷагропромэкспорт”

Тавассути Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт” масълаҳои харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазири ватаниро ба хориҷи кишвар амалӣ менмояд. Корхонаи мазкур мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №297 дар назди Агентии содирот ташкил шудааст

 

Форумҳо, ҷаласаҳои махсуси содиротӣ, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳоро барои ташкили шароити рақобатпазири молу хизматрасониҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ, ҷиҳати ҷалби харидорони мустақим, миёнравони боэътимод, шабакаҳои фурўши молҳои яклухт ва дигар шарикони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ барои фурўш ва содироти молу хизматрасониҳои истеҳсоли корхонаву ширкатҳои ватанӣ баргузор менамояд.

 

Тренингҳои таълимӣ

- бо мақсади баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот, дастгирии иттилоотӣ ва таълимӣ ба субъектҳои содироткунанда барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъминоти содиротии онҳо