Агентии содироти
назди хукумати чумхурии точикистон

Registered Exporter system


Новости
Актуальное

2023-07-05 21:30:32

Мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон

4 июли соли 2023 мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон баргузор гардид.

Директори Агентии содирот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ маълумоти мухтасар ироа намуда, иброз дошт, ки пешбурди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо давлатҳои дунё ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ яке аз авлавиятҳои асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ, яке аз иқтисодиёти пешрафтаи минтақаи Шарқи наздик буда, дорои захираҳои ғании табиӣ ва таҷрибаи бой дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ мебошад. Ва итминон аст, ки аз таҷриба, технология ва инноватсияи ин кишвар мубодила намуда, инкишофи  соҳаро тақвият бахшем.

Ҳамзамон иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, бофандагӣ, электроэнергетика ва ғайра иқтидори бузург дошта, метавонад ширкатҳои Саудиро барои ҳамкорӣ ба ин соҳа ҷалб намояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷаноби Сафир доир ба вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба ибрози назар намуда, ҷиҳати мусоидат дар рушди фаъолияти доираи соҳибкорон байни давлатҳо, афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба тавассути ҳамкорӣ бо Агентии содироти Арабистони Саудӣ ва дар ба роҳ мондани содироти асал, меваҳои тару тоза ва хушккардашуда, обҳои нӯшокӣ ба Арабистони Саудӣ омодагиро иброз намуд.