Агентии содироти
назди хукумати чумхурии точикистон

Registered Exporter system


Новости
Актуальное

2023-08-09 09:21:49

Нишасти матбуотӣ дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 августи соли 2023 дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва кормандони Агентӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Агентӣ ва нишондиҳандаҳои содироти кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки Агентии содирот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 ҷиҳати ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Инчунин, дар оянда бо мақсади ба роҳ мондани соддагардонии расмиёти савдо ва кам кардани хароҷоти зиёдатӣ, ки ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагон мусоидат менамояд, чораандешӣ карда мешавад.

Аз ҷумла дарҷ гардид, ки баҳри тақвият бахшидани фаъолият дар самти муаррифии маҳсулоти ватанӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ бо сафирони кишварҳои муқими Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатӣ, шарикони хориҷиву тиҷоратӣ, ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ва шарикони рушд вохӯриҳои судманд гузаронида шуда, дар он масъалаҳои таъсис додани Хонаҳои савдои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба банду басти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, таъсиси марказҳои содиротӣ, дастгирӣ намудани ширкатҳои ватанӣ дар самти гирифтани сертификати байналмилалӣ, бартараф намудани монеаҳои логистикӣ, таъсис додани портали содиротӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои содироткунандагон баррасӣ гардид.

Ҳамзамон, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки бо мақсади муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон Хонаи савдои Тоҷикистонро  таъсис диҳад.