2023-01-24 05:21:51
Вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Шӯрои нозирони Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон оид ба рушди иқтисоди хориҷии "МДК" Санкт-Петербург
19 январи соли 2023 вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Раиси Шӯрои нозирони Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорон оид ба рушди иқтисоди хориҷии "МДК" - Марк Руслан ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия - Ҳомидҷон Назарӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкориҳо дар самти таҳия ва татбиқи платформаи рақамӣ барои содироткунандагон, таъсис додани марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти банду басти маҳсулот, баланд бардоштани сатҳи дониши содироткунандагон оид ба фаъолияти содиротӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба байни ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамзамон аз ҷониби директор қайд гардид, ки дар оянда Агентӣ нақша дорад, ки дар шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Россия базаи ягонаи маҳсулоти содиротии ватаниро ташкил намуда, дархостҳо ва пешниҳоди харидорони хориҷиро оид ба содироти маҳсулот тавассути Портали содиротӣ ба роҳ монад. Инчунин, зикр намуданд, ки механизми маблағгузории дархостҳо дар якҷоягӣ баррасӣ карда шавад.
Бо мақсади соддагардонии расмиёти ҳуҷҷатгузории содиротӣ, механизми содда намудани ҳуҷҷатгузорӣ, кам кардани хароҷоти зиёдатӣ ва саргардонии содироткунандагон ҳангоми содироти маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Инчунин, Агентӣ нақша дорад, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун шарики боэътимод дар фаъолияти иқтисодии берунӣ ва иҷрои қарордодҳо, бақайдгирии Созишномаҳои содиротиро дар Портали содиротӣ ба роҳ монад.
Инчунин, дар вохурӣ аз ҷониби роҳбари Ассотсиатсияи сармоягузорон маълумоти муфассал доир ба фаъолияти ширкат манзур гардид. Ҳамзамон, омодагии худро дар самти ҳамкорӣ бо Агентии содирот оид ба таъсиси “Хонаи савдо” дар шаҳри Санкт-Петербург, инчунин таҳия намудани каталоги маҳсулоти содиротие, ки иқтидори содиротии он зиёд мебошад ва ташкили корхонаҳои муштарак оид ба банду басти маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.
Вохурӣ дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.
Тамоми ҳуқуқ маҳфуз аст! © 2021